Рӯзҳои 22, 25 ва 29 августи соли ҷорӣ мутаносибан дар муассисаҳои давлатии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Б.Ғафуров», «Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун» ва «Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода» машварати августии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид.
Дар кори машваратҳо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои марбути муассисаҳои таълимӣ, Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ, Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ – методӣ ва мониторинги сифати таълим», корфармоён ва инчунин, директорон, муовинони диреторон, методистон, китобдорон ва дигар кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои мазкур ширкат намуданд.
Тибқи рӯзномаи кории машварат, сараввал маърӯзаи Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ оид ба фаъолият, дастовард ва мушкилоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар соли таҳсили сипаришуда ва вазифаҳо барои соли нави таҳсил шунида шуд.
Намояндаи раёсат аз ширкаткунандагон барои иҷрои самараноки вазифаи муҳимтарини бар дӯшдоштаашон – тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат даъват ба амал овард. Бо иқтибосҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин мисолу намунаҳо аз камбуду комёбиҳои соли таҳсили 2022-2023, мутасаддиёни соҳаро барои андешидани чораҳои судманд дар самти такомули соҳаи таҳсилоти касбӣ, суръат бахшидани рушди илмӣ, бозомӯзӣ, худтакмилдиҳӣ ва тақвияти мунтазами касбию тахассусӣ, истифодаи босамари усулҳои навтарини таълим ва технологияи корбарии таҷҳизоти муосир ва дар ин замина, тарбияи кадрҳои салоҳиятноки коргарӣ мутаваҷҷеҳ сохта, таъкид намуд, ки кормандони муҳандисӣ-омӯзгории муассисаҳои таълимии соҳаро зарур аст, ки дар шароити кунунӣ, дар баробари касбомӯзӣ, инчунин ба масъалаҳои бедор намудани эҳсоси худшиносии милливу ѓурури ватандорӣ, омӯхтани таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ, арзишҳои башарию эҳтироми фарҳанги миллӣ дар вуҷуди ҷавонон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Масъалаҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, истифодаи мақсадноки маблаѓҳои буҷетӣ, иҷроиши нақшаи қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ, таъмини саривақтии хатмкунандагон бо ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ, риояи интизоми меҳнат ва омодагӣ ба соли нави таҳсил бахши дигари суханронии намояндаи раёсат буда, доир ба иҷрои чигунагии онҳо тавсияву пешниҳодҳои ҷолиб иброз карда шуданд.
Зимни суханронии директори Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим» масъалаҳои раванди омодагирӣ, ташкил ва баргузории машваратро мавриди таҳлили амиқ ва баҳогузории воқеъбинона қарор дода шуда, зарурати ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро муҳим арзёбӣ гардид. Вобаста ба ин, аз муҳимтарин масъалаҳои барои кормандони соҳа зарурро дар шароити рӯз аз рӯз доман паҳн намудани мундариҷаи касбу ихтисосҳои навин, тараққиёти бемайлони илму техника ва технологияи истифодаи онҳо, пеш аз ҳама, суръат бахшидани рушди илмӣ ва такомули мунтазами касбию тахассусии ҳар як корманди соҳа тавсиф карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳо бо баёни нуктаҳо аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба аҳамият ва муҳимияти муассисаҳои таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нақши онҳо дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат ва таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои коргарӣ ҷалб намуд.
Инчунин, иброз карда шуд, ки таъйин гардидани сарпарастон аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони сохтору мақомоти шаҳру ноҳияҳо бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №АП-52 далели таваҷҷӯҳи амалии ҳукумати кишвар дар самти ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа буда, минбаъд низ чораҳои зарурӣ дар ин самт андешида мешаванд.
Мутобиқ ба масъалаи дуюми рӯзнома, фаъолияти бахшҳои машварати августӣ дар чаҳор бахш ҷараён гирифта, маърӯзаву баромадҳо шунида ва мавриди баррасию муҳокимаи иштирокдорон қарор гирифтанд.
Кори машварат бо намоиши маводи таълимию методӣ, гӯшаи таҷрибаи пешқадам, дастовардҳои муассисаи таълимӣ, маҳсули эҷоди хонандагон ва ғайра дар саҳни муассисаҳои таълимӣ ҳусни оғоз ёфта, бо ташкил ва роҳандозии барномаҳои фарҳангии ҷолибу хотирмон дар поёни машваратҳо ба поён расонида шуд.