Истиқлолият- неъмати бебаҳост!

  Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тарақӣ ва заминасозӣ ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.

   Ин рўзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми кўҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.

  Тоҷикистон давоми 32 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомали Раҳмон ва ташабусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмиллалӣ барои худ касб намояд,чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгарии дастҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли  Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро ба номи  тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи  ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Тоҷикистон соҳиби истиқлолият гардид. Истиқлолияте, ки орзӯи ҳамешагии ҳар миллати озода аст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ комил нахоҳад буд.

   Воқеан ҳам Тоҷикистон тавонист дар даврони соҳибистиқлоли худ бо роҳбари арзандаву сулҳпарвар баҳри рушди кишвар чораҳои заруриро андешид. Дар даврони Истиқлолият Тоҷикистон аъзои чандин созмонҳои байналмиллалӣ гардид Равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро қариббо тамоми кишварҳои дунё бароҳ монда, баҳри боз ҳам рушд намудани сиёсати хориҷӣ иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои муталифи кишвар корҳои арзандае ба сомон расонида шуд.

    Яъне ҳамаи – мо шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадор ва масъул ҳастем, ки сарҷамъу муттаҳид бошем, сулҳу суботи бо қиммати ниҳоят гарон бадастовардаамонро ҳифз кунем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва ба хотири ободии Ватан, рушди давлат ва таъмин кардани зиндагии шоистаи халқамон содиқона ва аҳлона заҳмат кашем.

   Мо бояд ба қадри ин неъмати муқаддастарину азизтарини ҳаётамон расем, барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем.

    Бори дигар тамоми ҳамватанони азиз, кулли сокинони пойтахт ва ҳамаи шумо кормандони Марказро ба ифтихори ҷашни бузурги истиқлолу озодии давлати тоҷикон самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, хушбахтӣ, иқболи нек ва барои Ватани азизамон сулҳ, субот ва ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.

         Зиндаву поянда бод истиқлолу озодии Тоҷикистон!

   Бигзор иди муқаддаси истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!   Бори дигар Идатон муборак ҳамкорони гиромӣ!

 

 Директори Муассисаи давлатии  “Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим” Мусоев Абдуқодир Сафарович

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *