Бахши ҳамкорӣ бо бахшҳои соҳавӣ

– ташкил намудани ҷаласаҳои кумитаҳои машваратии соҳавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ;

– арзёбии фаъолияти кумитаҳои машваратии соҳавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон;

– расонидани кӯмаки методӣ ба кумитаҳои машваратии соҳавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон;

– таҳияи омори корхонаҳои истеҳсолии амалкунанда дар минтақаҳо; 

-мусоидат ба ҷалби корхонаҳои истеҳсолӣ дар ташкил ва гузаронидани машѓулиятҳои таълими истеҳсолӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолии хонандагон.