Бахши илм ва инноватсия

Бурҳонзода Зафар Сафар

Мудири бахши илм ва инноватсия

– ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон;

– ҳамкорӣ дар гузаронидани такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– таҳияи маводи таълимӣ-методии инноватсионӣ;

– ба роҳ мондани таълими инноватсионӣ ва технологияи иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбияи хонандагон ва касбомӯзон;

– ташкил ва гузаронидани конфронсҳо, семинарҳо, озмунҳо ва чорабиниҳо оид ба рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон;

– иштирок кардан дар симпозиюмҳо, конфронсҳо ва семинарҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ;

– якҷоя бо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба роҳ мондани лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дастовардҳои хонандагон ва касбомӯзон; 

– ба роҳ мондани усулҳои инноватсионӣ дар раванди таълим.