Бахши табъу нашр

Раҳмонов Ислом

Мудири бахш табъу нашр

Самтҳои таъбу нашр:

  – дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои нашриётӣ нашри китобҳои дарсии тахассусӣ, стандарту барномаҳои таълимӣ (стандартҳои салоҳият ва барномаҳои таълимии модулӣ), дастуру тавсияҳои методӣ, маводи дидактикӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ, инчунин назорати сифати ороиши бадеӣ ва техникии онҳо;

   – тибқи дархости  муассисаҳои таълимӣ ва мудири китобхонаи Марказ бознашри маводи таълимӣ-методӣ;

   – таҳияи лоиҳаи шартномаҳо бо муассисаҳои нашриётӣ, муаллифон, таҳиягарон, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисоне, ки барои омода ва нашри мавод ҷалб карда мешаванд;

   – омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пардохти ҳаққи қалами  муаллифии таҳиягарон, тарҷумонҳо ва муҳаррирони масъули маводи таълимӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.