Бахши муносибатҳои иттилоотӣ ва хизматрасонии техникӣ

– таъмини низоми муносибатҳои иттилоотии Марказ;

– таъмин намудани хизматрасонии техникӣ ва таъминоти барномавии таҷҳизоти иттилоотии Марказ;

– мунтазам ворид намудани иттилоот дар сомонаи Марказ;

– ворид намудани саволномаҳои тестӣ дар Барномаи идоракунии низоми мониторинг оид ба мониторинги сифати таълим ва озмунҳои касбӣ;

– гирдоварӣ намудани омори технологияи иттилоотӣ ва таҷҳизоти мултимедии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– таҳияи махзани маълумот оид ба бахши иттилоотӣ ва хизматрасонии техникии  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– бо ҷалби шарикони рушд таъмин намудани барномаҳои компютерӣ ва хизматрасонии техникии технологияи иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон;

– мусоидат намудан дар ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони фанҳои технологияи иттилоотӣ ва бахши иттилоотӣ ва хизматрасонии техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– иштирок дар таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии технологияи иттилоотӣ ва хизматрасонии техникӣ;

– мусоидат намудан дар таъмини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии

 касбӣ ва таълими калонсолон бо таҷҳизоти электронии таълимӣ.