Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эълон гардидани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат ва тарғиби донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон, тақвияти кӯшиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникии онҳо ва рушди малакаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ»-ро аз рӯйи ихтисосҳои «Системаи компютерӣ» ва интернет-технология, «Челонгари таъмири (муҳаррики) автомобил», «Тракторчӣ-мошинисти истеҳсоли кишоварзӣ» ва «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ» дар соли 2023 ташкил ва баргузор намуда истодааст.
Имрӯз дар Муасисаи давлатии «Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе» бо ҳузури Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» байни муҳассилин оғоз ёфт, ки давоми се рӯз идома меёбад.
Зимни ифтитоҳи озмуни мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода таъкид намуд, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи таҳсилоти касбӣ равона гардидааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз шумораи 242 нафар иштирокчиён аз муассисаҳои таълимӣ 71 нафар, аз ҷумла аз рӯйи ихтисоси “Системаи компютерӣ ва Интернет- технология” 15 нафар, аз рӯйи ихтисоси “Челонгари таъмири (муҳарики) автомобил” 19 нафар, аз рӯйи ихтисоси “Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ” 22 нафар ва аз рӯйи ихтисоси Тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ 15 нафар ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» роҳ ёфтанд.
Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» иштирокчиён аз 35 муассисаҳои таълими шаҳру ноҳияҳо иштироки фаъолона доранд.
Бояд тазаккур дод, ки озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» бо ибтикори роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази таълими-методӣ ва мониторинги сифати таълим» ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаронида шуда, ҷиҳати беҳтар кардани сифати таҳсилот ва баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамояд.