Бурҳонзода Зафар Сафар

Бурҳонзода Зафар Сафар

    Бурҳонзода Зафар Сафар 7 сентябри соли 1966, таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Соли 1983 мактаби миёнаро хатм намудааст. Соли 1990, Омӯзишгоҳи касбии техникии №32-и шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси «Бухгалтери корхонаҳои истеҳсолӣ» бо дипломи аъло хатм кардааст. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии ба номи А. Рӯдакии шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси «Бухгалтер-экономист» хатм кардааст.

    Фаъолияти кориро аз солҳои 1986-1990 ба ҳайси методист (мушовир) дар китобхонаи вилоятӣ ба номи С. Айнии шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, аз соли 1991 то 2005 дар бойгонии (архив) – и давлатии собиқ вилояти Кӯлоб, Раёсати молияи вилояти Хатлон, Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва Дирексияи дастаҳои ҳунарии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармуҳосиб фаъолият намудааст.

     Солҳои 2005-2014 директори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе» ва солҳои 2014-2023 директори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе»-ро ба уҳда дошт.

    Аз моҳи августи соли 2023 ба ҳайси мудири бахши илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

    Барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти ҷомеа бо медали «Хизмати шоиста», нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мукофотонида шудааст.

   Вакили халқӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, номзади илмҳои иқтисодӣ. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.