Таъсисёбии марказ:
Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим»-и Вазорати меҳнат, муҳољират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Марказ) тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 «Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Точикистон» дар номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Точикистон таъсис дода шудааст.
Мақсади асосии марказ:
- фароҳам овардани низоми ягонаи ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ;
- гузаронидани мониторинги сифати таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон;
- расонидани ёрии амалии методӣ ба кормандони муҳандисию омӯзгорӣ;
- таҳия, тарҷума, нашри китобҳои дарсии тахассусӣ, стандарт, нақша ва барномаҳои таълимӣ, дастур ва тавсияҳои таълимӣ-методӣ, дастрасии муассисаҳои таълимӣ ба онҳо;
- баланд бардоштани сифати таҳсилот ва малакаҳои касбӣ;
- ҷорӣ намудани комёбиҳои илму техника ва таљрибаи муосири педагогӣ.