– мусоидат намудан дар бастани шартномаҳо бо шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар баланд бардоштани малакаи касбии кормандони Марказ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ; – мусоидат намудан дар бастани шартномаҳо бо шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар таҳияи стандартҳои салоҳият, барномаҳои таълимӣ (модулӣ) ва дигар маводи таълимӣ-методӣ; – ҷалб намудани шарикони рушд ва грантҳо дар самти баргузории озмунҳои касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ; – ҷалб намудани шарикони рушд ва грантҳо дар самти баргузории озмунҳои касбӣ байни омӯзгорони фанҳои тахассусӣ ва устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ; – вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо барномаҳои ташкилотҳои хориҷии маблағгузор дар рушди Марказ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ; – таҳияи махзани ягонаи маълумот оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Марказ; – омода намудани маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ. |
Абдураҳмонзода Латифҷон Мудири бахши робитаҳои байналмилалӣ ТЕЛ: 904-04-34-91 |