– таъмини низоми муносибатҳои иттилоотии Марказ;
– таъмин намудани хизматрасонии техникӣ ва таъминоти барномавии таҷҳизоти иттилоотии Марказ;
– мунтазам ворид намудани иттилоот дар сомонаи Марказ;
– ворид намудани саволномаҳои тестӣ дар Барномаи идоракунии низоми мониторинг оид ба мониторинги сифати таълим ва озмунҳои касбӣ;
– гирдоварӣ намудани омори технологияи иттилоотӣ ва таҷҳизоти мултимедии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
– таҳияи махзани маълумот оид ба бахши иттилоотӣ ва хизматрасонии техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
– бо ҷалби шарикони рушд таъмин намудани барномаҳои компютерӣ ва хизматрасонии техникии технологияи иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон;
– мусоидат намудан дар ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони фанҳои технологияи иттилоотӣ ва бахши иттилоотӣ ва хизматрасонии техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
– иштирок дар таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии технологияи иттилоотӣ ва хизматрасонии техникӣ;
– мусоидат намудан дар таъмини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии
касбӣ ва таълими калонсолон бо таҷҳизоти электронии таълимӣ.