Конститутсия китоби бахти мо

   Санаи 30 октябри соли 2024 дар толори маҷлисии Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим» чорабинӣ  бахшида ба 30 –солагии  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия китоби бахти мо» дар байни кормандони муассиса ташкил ва баргузор гардид.

    Чорабиниро Мусоев А.С.-директори муассиса ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ин санади муқаддас ва тақдирсоз, ки ҳамчун шаҳодатномаи миллат шинохта шудааст, тамоми сохторҳои ҳокимият фаъолияти худро пеш мебаранд табрику таҳният намуд. Гуфта шуд, ки ин санади муҳими тақдирсоз давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба сӯйи комёбиҳои бузург роҳнамоӣ мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари иродаи мустаҳкам ва ғаризаи тамаддунофари миллати тоҷик мебошад. Конститутсияи кишвари мо «дастоварди бузурги миллӣ» ба ҳисоб меравад, чунки, он дар давраҳои бениҳоят душвору баҳснок ва аз ҷониби тамоми мардуми Тоҷикистон баррасӣ гардидааст. Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

    Имрӯз Тоҷикистон бар пояи Конститутсияи худ метавонад дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ ба тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибати густурдаву созанда ва мутобиқ ба манфиатҳои ҷонибҳоро мустақилона роҳандозӣ кунад. Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешравиҳои бузург ба даст овард. Минҷумла, фароҳам овардани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рисолати таърихии ин санади бебаҳои сарнавиштсоз ва олии ҳуқуқӣ маншаъ мегирад. Дар охир қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикитсон ба ҳукми як санади асосӣ ба тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Мо мардуми Ватандӯсту худогоҳро зарур аст, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати мустақили тоҷикон равона намуда, Конститутсияро амиқ биомӯзем, онро эҳтиром намоем ва аз он ифтихор намоем.

   Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯсти сурат гирифт.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *