Муовини директор

НАЗАРЗОДА ҶАМОЛИДДИН РАҶАБАЛӢ

    Назарзода Ҷамолиддин Раҷабалӣ 14 январи соли 1983, таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Соли 2000 мактаби миёнаро бо аттестати аъло хатм  намудааст. Соли 2005 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «ҳуқуқшинос» бо дипломи аъло хатм намудааст. Тайи солҳои 2005 – 2008 ҳамчун аспиранти шӯъбаи рӯзонаи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст.

   Фаъолияти меҳнатиии худро пас аз хатми донишгоҳ, соли 2005 ҳамчун мудири кабинети кафедраи забони давлатӣ ва фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оғоз кардааст ва дар ин вазифа то соли 2006 фаъолият намудааст. Тайи солҳои 2006-2008 вазифаҳои ассистентии кафедраи Забони давлатӣ ва фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқшиносӣ  Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

    Солҳои 2008-2020 ба ҳайси  муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар соли 2009 вазифаҳои муовини декани факултаи тайёрии то мактаби олӣ ва таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва муовини декани факултаи инноватсия ва технологияи компютерии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро иҷро намудааст.

    Тайи солҳои 2014-2015 ба ҳайси сардори шуъбаи мониторинги сифати таълими Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ- методӣ ва мониторинги сифати таълим», солҳои 2015-2018 сармутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хизматӣ намуда, аз 16 апрели соли 2018 ба ҳайси муовини директори МД «Маркази таълимӣ- методӣ ва мониторинги сифати таълим»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

   Дар давоми фаъолияти педагогии хеш як қатор дастур ва маводҳои таълимиро ба табъ расонида, дастраси донишҷӯён ва хонандагон гардонидааст, ки маводҳои поёнӣ шомили онҳоянд:

  1. Дастури методӣ аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» барои довталабони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон //Роҳнамои довталаби Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.- Душанбе: Эр-граф, 2008.
  2. Ҳакимов Ш.Қ., Назаров Ҷ.Р. Курси мухтасари лексияҳо аз фанни Ҳуқуқшиносӣ.- Душанбе: Ирфон, 2007.-274 с.
  3. Назаров Ҷ.Р., Сафаров Б.А. Ҳуқуқшиносӣ (Дастури таълимӣ-методии саволҳои тестӣ- санҷишӣ дар низоми кредитии таълим). Душанбе: Ирфон, 2010.-164 с.
  4. Назаров Ҷ.Р. Дастурамали методӣ, саволҳои тестӣ-санҷишӣ аз фанни «Ҳуқуқи инсон» (Маҷмӯаи таълимӣ-методӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ) – Душанбе – 2016.- 55 с.
  5. Назарзода Ҷ.Р., Бобоҷонов Ҷ. Б. Муқаддимаи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ. Душанбе – 2018. 350 с.

   Феълан дар мавзӯи «Функсияи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш» кор ва тадқиқоти илмӣ бурда истодаасту то ба имрӯз натиҷаҳои илмии бадастовардаашро дар намуди мақолаҳои зерин аз чоп баровардааст:

  1. Назаров Ҷ. Р. Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷашну маросимҳо: мушкилот ва пешниҳодҳо //Маҷмӯи корҳои илмии устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 2007.
  2. Татбиқи таҷзияи ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон //Труды Технологического университета Таджикистана. – Душанбе, 2007.
  3. Ҳокимияти иҷроия чун рукни таҷзияи ҳокимият дар давлати ҳуқуқбунёд // Маҷмӯи корҳои илмии устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. – Душанбе, 2008.
  4. Ҳокимияти иҷроия яке аз шохаҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Труды Технологического университета Таджикистана. – Душанбе, 2008.
  5. Проблемы классификации функции государства // Труды Технологического университета Таджикистана. – Душанбе, 2008.
  6. Вазъи мақомоти ҳокимияти иҷроя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. – Душанбе, 2010.
  7. Иҷлосия ҳамчун шакли асосии фаъолияти Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Душанбе, 2010. Маводҳои конференсияи Байналмиллалии илмӣ-амалии «Тайёр намудани кормандони илмӣ ва мутахассисони замони нав аз нигоҳи тараққиёти инноватсионии давлатҳо» (30, 31- октябр ва 1- ноябри соли 2010).
  8. Ҳолати ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия дар батанзимдарории функсияҳои (фазифаҳо) – и давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Пайёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 30, 31- октябр ва 1- ноябри соли 2010).
  9. Вазъи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун иҷрои функсияи назорати давлат //Пайёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 30, 31- октябр ва 1- ноябри соли 2010).
  10. Назаров Р.С., Назаров Ҷ. Р. Информация как объект правовой защиты // Труды Технологического университета Таджикистана.- Душанбе, 2010.
  11. Назарзода Ҷ.Р., Бахтиёров О. Омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бозори меҳнат», Маҷаллаи илмии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ», Душанбе – 2020, 3(46), саҳ.38.
  12. Назарзода Ҷ.Р., Бахтиёров О. Нақши марказҳои ҳунармандӣ дар рушди ҳунарҳои мардумӣ – Душанбе, 2020. Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои иҷтимоӣ- иқтисодии ташаккул ва амалкунии бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (23-24 октябри соли 2020).

    Барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти ҷомеа бо нишони Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мукофотонида шудааст.

      Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.