Директор

МУСОЕВ АБДУҚОДИР САФАРОВИЧ

        Мусоев Абдуқодир Сафарович 31 маӣи соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллат тоҷик, таҳсилоти олӣ. Оиладор , соҳиби 4 фарзанд.

       Айни замон директори Муассисаи давлатӣ «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим». Соли 1991 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро аз руӣи ихтисоси физик-омўзгор хатм намудааст.

        Солҳои 1985-1987 хизмати ҳарбӣ ҳамчун ҷанговарӣ интернатсионалист дар Давлати Демократии Афѓонистон, солҳои 1991-1993 лабарант-техник-муҳандис дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон солҳои 1993-1995 омузгори фанни физика ва электротехникаи Коллеҷи муҳандисию омўзгории шаҳри Душанбе, солҳои 1995-2001 мудири шуъбаи таълим дар  Коллеҷи муҳандисию омўзгории шаҳри Душанбе, солҳои 2001-2008 муовини директор оид ба таълимӣ Коллеҷи муҳандисию омўзгории шаҳри Душанбе, солҳои 2008-2012 муовини директор оид ба корҳои таълими истеҳсолӣ Литсейи касби техникӣ саноати нассоҷии шаҳри Душанбе, солҳои 2013-2018 муовини директор оид ба таълимӣ Коллеҷи муҳандисию омўзгории шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

           Соли 2020 барои фаъолияти пурсамар Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қадрдонӣ карда шудааст.